Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода рӯзи 15 август бо сафири Олмон дар Тоҷикистон, кишвари раисикунанда дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳолгер Грэн дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби САҲА ва ширкати Тоҷикистон дар чорабиниҳои дарпешистодаи Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин оид ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва муҳитизистӣ дар минтақаи САҲА мубодилаи афкор карданд.