Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ рӯзи 17 августи соли 2016 бо ноиби раис, директори иҷроияи Фонди Саудии рушд Юсуф ибни Иброҳим ал-Бассом мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории босамари Тоҷикистон бо Фонди Саудии рушд баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, дар ин росто таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкориҳо дар беҳсозии зербинои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва энергетика зоҳир гардида, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба густариши доираи ҳамкорӣ таъкид доштанд.