Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри мардуми Қирғизистонро бо ҷашни 25-умин солгарди истиқлолият табрик карда, ин кишварро «пешвои демократии Осиёи Марказӣ» унвон кард.

«Моро бо Ӯзбекистон уҳдадориҳои зиёде мепайванданд - пайравӣ аз демократия, эҳтиром гузоштан ба гуногунандешӣ ва эътимод ба имконоти сиёсӣ ва иқтисодӣ барои ҳамаи шаҳрвандон. Имрӯз Қирғизистон - пешвои демократии Осиёи Марказӣ мебошад», - қайд мешавад дар изҳороти Керри.

Ӯ хотиррасон намудааст, ки 25 сол пеш ИМА яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти Қирғизистонро эътироф намуд ва сипас муддати чаҳоряк аср бо ин кишвар муносибатҳо роҳандозӣ намуд, ки ба дӯстӣ ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд.

«Қирғизистони босуботу дар ҳоли шукуфоӣ қарордошта барои тамоми минтақа намунаи ибрат шуда метавонад. Иёлоти Муттаҳида рушди иқтисодӣ ва демократии Қирғизистонро дастгирӣ намуда, ба пуштибонии он дар дастгирии субот ва амният дар минтақа баҳои баланд медиҳанд ва бесаброна рушди боз ҳам бештари ҳамкориҳо баҳри некӯаҳволии мардуми ҳарду кишварро интизоранд», зикр кардааст Ҷон Керри.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 31 август дар Қирғизистон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта шуд