Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 4 сентябр ҷиҳати изҳори ҳамдардию тасаллият аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва бародари Ӯзбекистон бинобар фавти (даргузашти) бармаҳали Ислом Абдуғаниевич Каримов ба Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар изҳороти С.Аслов, аз ҷумла, чунин омадааст:

 “Тоҷикистон аз талафоти мардуми ба мо дӯсту бародари ӯзбек - хабари даргузашти бармаҳали муҳтарам Ислом Абдуғаниевич Каримов сахт андӯҳгин аст.

Ислом Абдуғаниевич, роҳбарии кишварро дар марҳилаи муҳими тақдирсози барқарорсозии давлати соҳибихтиёр ба дӯш гирифта, дар таърихи мардуми ӯзбек ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ, муайянкунандаи шоҳроҳи рушду нумӯи кишвар шинохта гардид. Ба шарофати хирад ва дурандешиаш ӯ ба ҳайси сиёсатмадори барҷаста эътироф гардида, берун аз кишвараш ҳамчун шахси баруманду барҷаста шинохта шуд.

Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андӯҳи амиқ ва ҳамдилии моро бо мардуми бародари ӯзбек ва ҳамдардиро ба хешу ақрабои Ислом Абдуғаниевич қабул намоед.”