Президенти Русия Владимри Путин ҷиҳати арзи эҳтиром ва зиёрати қабри собиқ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, имрӯз, 6 сентябр ба шаҳри Самарқанд ташриф меорад.

Зимни мулоқот бо журналистон дар нишасти G20 дар Ханчжоуи Чин Путин изҳор доштааст, ки дар поягузории давлати мустақили Ӯзбекистон Каримов саҳми босазо гузошта, марги ӯ барои мардуми ин кишвар талафоти бузург аст.

Ба гуфтаи сарвари давлати Русия, баъзе ҳолатҳо дар таърихи навини Ӯзбекистонро метавон гуногун арзёбӣ кард, аммо ба Каримов муяссар шуд, ки сулҳу суботро таъмин карда, ба рушди кишвар ноил гардад.

«Мо умедворем, ки муносибатҳои дӯстона миёни Русия ва Ӯзбекистон минбаъд низ густариш ёфта, мо аз ҷониби худ баҳри пешрафти ин муносибатҳо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем», - таъкид доштааст президенти Русия.

Дар робита ба сафари Путин ба Самарқанд ёвараш Юрий Ушаков иттилоъ додааст, ки президент ба Самарқанд меравад ва ният дорад, ки барои арзи эҳтиром гӯри Каримовро зиёрат намуда, ҳамдардиву тасаллият изҳор кунад. Дар маросими дафни Ислом Каримов рӯзи 3 сентябр ҳайати Русияро нахуствазири ин кишвар Дмитрий Медведев роҳбарӣ карда буд.