Зимни машварати САҲА дар Варшава фаъолони Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аксияи эътирозӣ доир намуданд. Талаби асосии эътирозгарон - аз зиндон озод кардани шахсоне аст, ки аксҳои онҳо дар либосашон тасвир ёфта буд.

Иштирокдорони Машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ аз ин аксияи эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Стив Свердлов, муҳаққиқи мушкилоти Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch аксҳоеро аз ин аксия дар твиттери худ гузошт.


Дар акс дида мешавад, ки дар аксия ҳудуди 20 нафар фаъолон ширкат варзида, сарулибос (футболка) бо тасвири ҳабсшудагон ва навиштаҷоти «озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ»-ро дар бар доранд. Фаъолон назди яке аз деворҳои толор саф кашида, ба суханрониҳо халал эҷод намекунанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар Варшава машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ ба кор шурӯъ намуд, ки аз ҷониби Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) созмон дода мешавад.