Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Қазоқиситон имрӯз, 21 сентябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумони Қазоқистон тасдиқ шуд.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Қазоқистон, ин санад 15 сентябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ба имзо расида, аввали моҳи декабри соли 2015 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон онро тасдиқ намуда буд.

Гуфта мешавад, чунин санад дар бораи шарикии стратегиро Тоҷикистон танҳо бо ду кишвар - Русия (соли 2004 ба имзо расид) ва Чин (соли 2013) ба тасвиб расонидааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз лиҳози муомилоти моли хориҷӣ бо Тоҷикистон Қазоқистон пас аз Русия ва Чин мақоми сеюмро ишғол карда, тайи 8 моҳи соли ҷорӣ муомилоти мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон 405 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.