Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Шарифзода Юсуф Тоир рӯзи 21 сентябри соли 2016 ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе Эътимодномаи худро супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Корея бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки дар оғози он дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе расонида шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.