Албания, Лихтенштейн, Норвегия, Украина ва Черногория аз тамдиди таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) зидди Русия то 15 марти соли 2017 ҷонибдорӣ карданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории TojNews, дар ин бора сомонаи расмии Федерика Могерини, раҳбари дипломатияи Аврупо иттилоъ дода, афзудааст, ки Иттиҳоди Аврупо аз ин тасмим истиқбол мекунад.

Гуфта мешавад, таҳримҳои ИА зидди Русия соли 2014 дар посух ба ҳимояти Москва аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҷорӣ шуд. Онҳо зидди муассисаҳои молию энергетикии Русия равона шуда, ҳар шаш моҳ тамдид мешаванд.

Шӯрои ИА моҳи сентябри соли равон тасмим гирифт, муҳлати таҳримҳоро зидди 146 шаҳрванд ва 37 ширкати Русия то 15 марти соли 2017 дароз кунад. Ба ҷуз ин, зидди Русия ҷониби ИМА низ баъзе аз маҳдудиятҳои иқтисодӣ ҷорӣ кардааст.