Дар парлумони Қирғизистон бори дигар доир ба масъалаи қаламрави ҳаммарз бо Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Дар Жогорку Кенеш дар бораи аз ҷониби тоҷикистониён худсарона азхуд шудани 15 гектар замини қирғизҳо сухан рафтааст.

Бино ба маълумоти АКИpress, вакил Айнура Олтибоева ба муовини нахуствазир Жениш Раззоқов савол додааст, ки дар маълумоти шумо гуфта шудааст, шаҳрвандони Тоҷикистон 15 гектар замини Қирғизистон дар атрофи пойгоҳи обкашии «Арка»-ро худсарона азхуд кардаанд. «Азхудкунии худсарона охир ин ғасб аст. Дар ин бора ягон шарҳе медодед», - дархост кардааст ӯ аз муовини нахуствазир.

Жениш Раззоқов дар навбати худ изҳор намудааст, ки ин мушкилот ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст. «Соли 1989 таъин ва аломатгузории марз гузаронида шуда, ин қитъаи замин он ҷо монд. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ онҳо имрӯз ин заминро истифода мекунанд. Масъалаи таъину аломатгузории ин қитъаҳо то ҳол пурра ҳал нашудааст», - иброз доштааст муовини нахуствазир.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 22-23 ноябр дар Бишкек ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррассии маҷмӯавии масоили дуҷониба доир мегардад, ки мушкилоти таъин ва аломатгузории марз яке аз масъалаҳои асосӣ хоҳад буд.