Дар Қасри Миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 14 сафири кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин рӯз ба Эмомалӣ Раҳмон бо арзи дуруду шодбошиҳои роҳбарони кишварҳои худ сафири Мамлакати Арабистони Саудӣ - Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ, Туркия - Алӣ Рифат Коксал, Фаронса - хонум Ясмин Гуедар, Италия - Андреа Бертоззи, Австрия - Герхард Сайллер, Шоҳигарии Нидерландия - Дирк Ян Кооп, Юнон - Андреас Фриганас, Чехия - Ярослав Сиро, Конфедератсияи Швейтсария - Урс Шмид, Ватикан - Фрэнсис Ассизи Чулликатт, Молдова - Думитру Брагиш, Корея - Квон Ён У, Бангладеш - Маҷибул Раҳман Буиян ва Зеландияи Нав - Иэн Александр Хилл эътимоднома супориданд.

Гуфта мешавад, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони навтаъинро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрику шодбош гуфта изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо доираи васеи мамолики сайёра ҳамкории судманду баробарманфиати сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарии дуҷониба ва бисёрҷонибаро васеъ ба роҳ монда, дар ин замина ба рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи худ бо кишварҳои олами Араб, Аврупо, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Ҷанубӣ, инчунин бо кишварҳои доираи ИДМ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Изҳори итминон карда шудааст, ки сафирони тозатаъин барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон талоши бештар намуда дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатӣ саҳми муносиб мегузоранд.