Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқот бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин изҳори умедворӣ намудааст, ки ҷониби Русия фоҷеаи рухдода дар Тюменро мӯшикофона таҳқиқ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, Шукурҷон Зуҳуров ба ҳамсуҳбати худ хотиррасон намудааст, ки дар ин ҳодиса боз се шаҳрванди Тоҷикистон осеби ҷиддӣ дидаанд.

«Ин шаҳрвандони ҳалокшудаву осебдида ягона таъминкунандагони хонаводаҳояшон буда, бе вайрон кардани қонунҳои Федератсияи Русия, уҳдадориҳои меҳнатии худро софдилона иҷро мекарданд», - иброз доштааст Ш.Зуҳуров.

Ӯ аз В.Володин дархост намудааст, ки таҳқиқи ин ҳодисаро зери назорати шахсии худ гирад, то ки минбаъд аз чунин ҳодисаҳои фоҷеабор пешгирӣ шавад.

Вячеслав Володин аз ин фоҷеаи рухода изҳори таассуфи амиқ намуда, аз Ш.Зуҳуров хоҳиш кардааст, ки ҳамдардии самими ӯ ва ҳамаи вакилони Думаи давлатии Русияро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари сӯхтор дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии "Абсолбют Агро"-и вилояти Тюмен 7 муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд, ки  шаш тани онҳо аз ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ва як нафар аз Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд буданд. Се шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ин ҳодиса заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВАО-и Русия, дар робита ба ин ҳодиса айбдоршаванда ба ин далел сардори қитъаи ширкати паймонкор дар сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Юргаи вилояти Тюмен таҳти ҳабси хонагӣ қарор дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Вячеслав Володин ҳамчунин маҷмӯи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, саноат, муҳоҷиарти корӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бахши кишоварзӣ ва ғайра баррасӣ шуда, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои таъмини амният дар Афғонистон ва минтақаи Шарқи Наздик табодули назар намудаанд.