Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон "аккредитатсия" ё муҷаввизи кори 6 хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанберо қатъ кард.

Бино ба иттилои дар сомонаи ин хабаргузорӣ нашршуда, ҳарчанд вазорат шарҳи расмии тасмимашро ироа накардааст, вале масъулони Радиои Озодӣ мегӯянд, ин кор баъди нашри хабар дар бораи мақоми Рухшона Раҳмонова, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати умури хориҷӣ, дар нимаи дувуми рӯзи 25 ноябр сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ин шаш корманди дафтари радио дар Душанбе нимаи дувуми рӯзи ҷумъа ба вазорат даъват шуда ва "аккредитсия"-ашон гирифта шудааст. Ин кормандон Мирзонабии Холиқзод, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров, Муҳаммадвафо Раҳматов, Амриддин Олимов ва Шодмони Ятим буда, ба хабари мақоми нави духтари президенти Тоҷикистон иртиботе надоштаанд.

Зикр мегардад, ки ном ва мақоми духтари раиси ҷумҳур дар рӯйхати расмии кормандони Вазорати умури хориҷӣ дар вебсайти ин ниҳод чоп шуда, манобеи дигар ҳам хабарро тасдиқ карданд.

Баъди нашри ин иттилоъ мақомот ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе панҷ дақиқа мӯҳлат додаанд, то хабарро ҳазф кунанд, вагарна муҷаввизи фаъолиятро аз даст хоҳанд дод. "Аккредитатсияи" журналистон баъди он қатъ карда шудааст, ки Радиои Озодӣ "манобеи хабарашро тафтиш карда ва тасмим гирифтааст, мақоларо нигоҳ дорад".