Дар доираи нахустин сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка миёни кишвар 5 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Шри-Ланка дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Майтрипала Япа Сирисена ва музокироти байнидавлатии сатҳи олии кишварҳо бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб баррасӣ карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри- Ланка оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба қабул гардида, дар ҳузури сарони кишварҳо 4 санади дуҷониба ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

Ёддоштнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати стратегияи рушд ва тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри- Ланка дар мавриди мувофиқасозии созишнома оид ба ҳамкории мутақобила.

Ҷонибҳо оид ба дарёфти роҳҳо ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Шри - Ланка табодули андеша карда, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Шри-Ланкаро мувофиқи мақсад шумурданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ Майтрипала Япа Сирисена даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон бо сафари дӯстона ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.