Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Котиботи СААД дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД сарони кишварҳои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

«Дар ҷаласа масоили ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба дар доираи СААД ва таъмини фаъолияти ҷории он баррасӣ ва атрофи масъалаҳои калидии сиёсати байнулмилаливу минтақавӣ, аз қабили муқовимат бо терроризму эсктремизм, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ табодули назар сурат мегирад», - омадааст дар маълумоти котиботи СААД.