Сафари имрӯз пешбинишудаи ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини нахуствазири ин кишвар Рустам Азимов ба Душанбе ба пагоҳ, 27 сентябр мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, аз эҳтимол дур нест, ки таъхири сафари ҳайати ҳукумати кишвари ҳамсоя ба дар ҷумҳурӣ ҳузур надоштани сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марбут аст. Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи Шӯроии СААД дар шаҳри Санкт-Петрбурги Русия қарор дорад.

«Дар назар аст, ки рӯзи 28 декабр президенти ҷумҳурӣ роҳбари ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон Рустам Азимовро ба ҳузур пазируфта, ҳамчунин ҳамин рӯз баргузории ҷаласаи комиссияи байниҳукуматиии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон низ ба нақша гирифта шудааст», - гуфт манбаъ.

Дар вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе баррасии масъалаҳои марбут ба сабуксозии реҷаи раводид миёни кишварҳо, ки аз моҳи сентябри соли 2000 амал мекунад, дар назар аст. Аз эҳтимол дур нест, ки мусофирони хатсайрҳои ҳавоии Душанбе-Тошканд-Душанбе, ки аз аввали соли оянда ифтитоҳ мегардад, мустақиман дар фурудгоҳҳои ҳарду кишвар раводид дастрас намоянд.

Дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ пас аз ба имзо расидани созишномаи мазкур санаи дақиқи ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ ва арзиши билетҳо ба он маълум мешавад.

Парвози ҳавопаймоҳи миёни шаҳрҳои Тошканду Душанбе нимаи аввали соли 1992, замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд. Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон - Душанбе ва Тошканд парвози ҳавопаймоҳо фаъол хоҳанд гашт.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки аввали ҳамин ҳафта дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар назар аст, ки ҳамраисони он муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов ва муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид мебошанд.