Ба шарафи 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони ин кишварҳо - Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамдигар барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки чоряк аср муқаддам Хитой, ҳамчун ҳамсояи хайрхоҳ ва дӯсти боэътимод аз аввалин давлатҳое буд, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият пазируфт ва кишварҳои мо ба ташаккулу густариши робитаҳои сифатан нави байнидавлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

«Боиси хушнудист, ки тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Хитой чӣ дар чорчӯбаи дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрҷониба бемайлон рушд намуданд. Имрӯз ба ҳамшарикии кишварҳои мо, ки дар асоси усулҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва риояи мутақобилаи манфиатҳо бино ёфтааст,  сатҳи баланди ҳамкорӣ хос аст», - омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта мешавад, байни Тоҷикистон ва Хитой дар сатҳи олӣ ва баланди давлатӣ муколамаи доимии сиёсӣ ба роҳ монда шудааст ва дар ҷараёни он дидгоҳи усулии ҷонибҳо нисбат ба доираи васеи мушкилоти мубрами байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳое, ки ба рӯзномаи СММ ва СҲШ шомиланд, ҳамсон ва ё ба ҳам бисёр наздик мебошанд.

«Мо муносибатҳои босуботи худро бо  Ҷумҳурии Халқии Хитой арзишманд медонем ва ба рушди мантиқии онҳо дархӯр ба рифоҳи мардумонамон эътимоди комил дорем. Дар дурнамои наздик ва дарозмуҳлат рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ҳамсояи бузурги худ самти авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад», - таъкид мешавад дар барқия.

Дар навбати худ Си Ҷинпин дар барқияи худ зикр кардааст, ки Тоҷикистону Хитой  ҳамсояҳои ба ҳам хайрхоҳ мебошанд ва онҳоро кӯҳҳои осмонбусу дарёҳо ба ҳам мепайванданд.

«Дӯстии халқҳои мо аз гузаштаи дур маншаъ мегирад. Тайи 25 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ муносибатҳои кишварҳои мо босубот ва самарабахш рушд меёбанд. Тамосҳову мубодилаи сафарҳо дар сатҳи баланд мунтазам ба роҳ монда шуда, сатҳи эътимоди мутақобилаи сиёсӣ пайваста боло меравад», - омадааст дар барқияи сарвари давлати Хитой.

Қайд мешавад, ки ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби эъмори муштараки “Як камарбанд ва як роҳ”, ҳамчунин дар ҷодаи амниятӣ натиҷаҳои хуби барои мардумонамон воқеан ҳам судмандро ба бор оварда, ҳар ду ҷониб якдигарро дар масъалаҳои муҳимми мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дастгирӣ намуда, дар умури байналмилаливу минтақавӣ ҳамдастиву  мусоидати мутақобиларо ба роҳ мондаанд ва аз ин тариқ дар раванди таъмини сулҳу суботи минтақавӣ нақши назаррас доранд.

«Ин ҷониб ба густариши минбаъдаи муносибатҳои Хитою Тоҷикистон аҳаммияти хосса медиҳад. Ҷониби Хитой масири рушди Тоҷикистонро бо назардошти хусусиятҳои миллии кишвар,  саъю талошҳои онро ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи дохилӣ, ҳамчунин пешбурди тараққии иҷтимоиву иқтисодӣ  қотеона пуштибонӣ менамояд», - таъкид мешавад дар барқияи Си Ҷинпин.