Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, дар рафти сӯҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади идомаи муколамаи сатҳи олӣ дар ояндаи наздик мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар хотимаи сӯҳбат Президенти Тоҷикистон ба нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сиҳатмандиву комгорӣ дар иҷрои рисолати ӯ баҳри рушду шукуфоии кишвари дӯст орзу намуд.

Қобили зикр аст, ки Навоз Шариф бори охир моҳи майи соли 2016 ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар баробари нахуствазирони Афғонистону Қирғизистон дар маросими оғози амалисозии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 иштирок кард.

Ғайр аз ин, моҳи майи соли гузашта миёни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Лоҳури Покистон хатсайри ҳавоӣ боз шуд.

Қаблан Навоз Шариф дар мавриди ба президенти Тоҷикистон додани мақоми Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошта буд, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳақиқат кори таърихиеро анҷом дод ва ба Эмомалӣ Раҳмон унвони олии Пешвои миллатро сазовор донист.