Дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Русия консулгариҳои генералиии Тоҷикистон боз шуданд.

Собиқ роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлаталӣ Назризода консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шамсиддин Зардӣ консул дар шаҳри Новосибирск таъин шудаанд. Айни замон корҳои тадорукотии роҳандозии фаъолияти консулгариҳо мавриди ҳаллу фасл қарор доранд.

Давлат Назризода, консули Тоҷикистон дар Санкт-Петербург
Акс аз Радиои Озодӣ

Қобили зикр аст, ки то ифтитоҳи консулгариҳои генералӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербургу Новосибирск, дар Русия ду консулгарии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа амал мекарданд, ки консулгарӣ дар Екатеринбургро - Сафар Сафаров ва дар Уфаро - Олимхон Шамсов роҳбарӣ мекарданд.

Акнун бо барҳам додани ниҳоди консули фахрӣ дар Санкт-Петербург, танҳо дар шаҳрҳои Калиниград ва Петрозаводск консулҳои фахрии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон амал мекунанд, ки ин вазифаҳоро дар Калиниград - Солеҳ Исоев ва дар Петрозаводск - Иномҷон Ашрапов ба уҳда доранд.