Дар қасри Квириналеи Рим маросими супоридани эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Италия Исматулло Насрединов ба Президенти Италия Серҷо Маттарелла баргузор гардид.   

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, баъди супоридани эътимоднома суҳбати сафир бо Президенти Италия баргузор гардид, ки зимни он вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии ин кишвар Анҷелино Алфано низ ҳузур дошт.

Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат И.Насрединов салому дуруди Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ба ҳамтои италиявиаш расонид. Президенти Ҷумҳурии Италия, дар ҷавоб изҳори сипос намуда, аҳаммияти таъйини сафири Тоҷикистонро дар кишвари худ барои рушди робитаҳои дуҷониба таъкид кард.  

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамсуҳбатҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯстро дар самтҳои гуногун муҳокима намуда, дар анҷоми суҳбат Серҷо Маттарелла ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон комёбиҳо ва пешравиҳоро таманно намуд.