Дар Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон бахшида ба қабули Қатъномаи МУ СММ Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028) бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА ва дар ҳамкорӣ бо Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ брифинг баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар ШМА Фарҳод Салим, Директори иҷроияи Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Вернер Грубер, Сардори Дафтари Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти об Рагини Далал суханронӣ намуда, оид ба нақши Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028) дар таъмини рушди устувор маълумот доданд.


Гуфта мешавад, зимни баромади худ Сафир оид ба ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар масъалаҳои об зикр кард.