Дар ҳошияи иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ (АБП ИДМ) дар шаҳри Санкт-Петербург раиси Шӯрои Федератсияи Русия, ҳамзамон раиси АБП ИДМ Валентина Матвиенко рӯзи 27 март бо раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии АБП ИДМ, зимни вохӯрӣ Матвиенко қайд кардааст, ки тӯли 25 соли фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил АБП ба сифати иттиҳоди маъруфи байнулмилалии ҳамгиройӣ ва майдони муҳими муколама муҳимияти худро тасдиқ кард.

«Муколамаҳои пурмаҳсул миёни парлумонҳои кишварҳои мо ба табодули назар доир ба масоили бештар муҳими муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар шаклҳои бисёрҷониба имкон фароҳам меоварад», - изҳор доштааст Матвиенко.

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия таъкид доштааст, ки ҳайати Тоҷикистон дар фаъолияти АБП ИДМ фаъолона ширкат меварзад. Ӯ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев нишони фахрии Шӯрои Федератсия «Барои рушди парламентаризм»-ро тақдим намуд.

Дар навбати худ раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр кардааст, ки АБП ИДМ-ро яке аз майдонҳои муҳиму зарурии муколамаи байнипарлумонӣ мешуморад.