Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир дар қатори Алҷазиру Эрон ва Судон, Русияро низ яке аз кишварҳои бештар хатарнок барои сафари сайёҳон арзёбӣ мекунад. Дар ин бора ВАО-и Русия бо истинод ба рӯзномаи Independent хабар медиҳанд.

Дар баробари Русия ва боз 38 кишвар Тоҷикистон ба сафи кишварҳое дохил шуд, ки идораи сиёсати хориҷии Британия барои сафар ба ин кишварҳо ба шаҳрвандони худ тавсия намедиҳад.

Миёни ин кишварҳо ба ҷуз Русия ва Тоҷикистон, Украина, Гурҷистон, Уганда, Таиланд, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Арманистон ва Ангола низ ҳузур доранд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Британия қотеъона мухолифи сафари шаҳрвандони худ ба Афғонистон, Яман, Ироқ, Тунис ва Сомали мебошад.

Кишварҳои аз ҳама амну бехатар барои сафар Австралия, кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Осиё, Аврупо ва Африқои Ҷанубӣ номида шудаанд.

Ғайр аз ин, ҳукумати Британияи Кабир дар сомонаи худ доир ба сафар ба қаламравҳои хатарнок роҳнамо ба нашр расонидааст.

Мувофиқи он, дар Русия ба бритониёҳо наздикшавӣ ба марз бо Украина, боздид аз Қрим ва Қафқоз тавсия дода намешавад. Ҳамчунин ба шаҳрвандони Шоҳигарии Муттаҳида бодиққат будан дар кӯчаҳои шаҳрҳои Русия ва дур будан аз издиҳоми мардум маслиҳат дода шудааст.