Раҳбарони ИМА ва Туркия - Доналд Трамп ва Раҷаб Эрдуғон дар Кохи сафед дидор ва гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар нишасти хабарии муштарак, ки баъди мулоқот баргузор шуд, раҳбарони ду кишвар асосан дар бораи мубориза бо терроризм суҳбат карданд.

Президент Трамп гуфтааст, Вашингтон дастгирии Анқараро дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла созмони даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ва Ҳизби коргари Курдистон, ки фаъолияташ дар Туркия, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо манъ аст, идома хоҳад дод.

Эрдуғон низ дар навбати худ қайд кардааст, ки ба гурӯҳҳои террористӣ набояд ҷой дода шавад. Вай дар радифи ин гурӯҳҳо аз созмони "Иттиҳоди демократӣ"-и курд ва ҷиноҳи он - "Дастаҳои мусаллаҳи мардумӣ" низ ном бурда, ҳамкорӣ бо ин гуруҳҳоро комилан ғайри қобили қабул номидааст.

Мебояд гуфт, Вашингтон ҳафтаи гузашта тарҳи кумаки низомӣ ба "Нерӯҳои демократии Сурия"-ро қабул кард, ки бахши бузурги онро Дастаҳои мусаллаҳи мардумии курд ташкил медиҳад. Сафари Эрдуғон дар ИМА идома дорад.