Зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳалли масоили қаламрав ва марзҳои давлатӣ, ки рӯзҳои 30-31 май дар Душанбе доир мегардад, ҷонибҳо ният доранд, ки мушкилоти ҷойдошта дар қитъаҳои мувофиқанашудаи сарҳдаҳои ҳарду кишварро ба таври ниҳоӣ ҳаллу фасл намоянд.

Бино ба иттилои як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, хати асосии марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аллакай мувофиқа ва бо Шартнома аз соли 2002 миёни кишварҳо дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон тасдиқ шуда, парлумонҳои ҳарду ҷониб низ онро маъқул шуморидаанд.

Айни замон хати гузариши марз танҳо дар ҳудуди 60 километри сарҳади давлатӣ миёни ҷонибҳо то ҳол мувофиқа нашудааст.

Масофаи умумии марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ - 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) - 105 километр аст.

Ёдрас мекунем, ки Комиссияи байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бори охир аз 20 то 22 феврали соли 2012 дар Душанбе гуфтушунид карда буданд.

Он замон комиссияро аз ҷониби Тоҷикистон котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва аз ҷониби Ӯзбекистон муовини аввали сарвазир ва вазири молияи ин кишвар Рустам Азимов роҳбарӣ карда буданд.

Дар гуфтушуниди кунунӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Маҳмадшариф Ҳақдод ва ҳайати Ӯзбекистонро сафир оид ба супоришҳои махсус Илҳом Неъматов сарварӣ мекунанд.