Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар пойтахти Қазоқистон иҷлосияи Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шурӯъ намуда, сарони кишварҳои Чин - Си Ҷинпин, Русия - Владимир Путин, Беларус - Александр Лукашенко, Қирғизистон - Алмазбек Атамбоев, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ва Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остона ташриф оварданд.

Рӯзи 8 июн ба ифтихори сарони кишщварҳои узви СҲШ консерт баргузор шуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар он ҳузур дошт.

kremlin.ru

Чорабиниҳои асосии нишаст имрӯз, 9 июн дар назар буда, рӯйдоди калидии иҷлосия дар Остона ҳамроҳшавии Ҳиндустону Покистон ба Созмон хоҳад буд. Ғайр аз ин, дар ҷаласаи 17-уми Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ қабули як қатор аснод низ пешбинӣ шудааст.

Сарони кишварҳои Созмон Баёнияи Остонаро ба имзо расонида, Конвенсияи СҲШ оид ба муқовимат бо ифротгароӣ қабул мешавад. Баро имзо дар маҷмӯъ 11 санад таҳия шудааст.

Гуфтушунидҳо ҳам дар ҳайати васеъ ва ҳам дуҷониба доир гардида, сарнои кишварҳо вазъ дар паҳнои Созмонро арзёбӣ ва вазифаҳову дурнамои рушди онро муайян хоҳанд кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.