Бо қарори раиси Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо медалу нишонҳо қадрдонӣ шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, имрӯз баъди анҷоми ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, раиси Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ба намояндаи комилҳуқуқи Президенти Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадалӣ Ватанов, Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Эмомалӣ Насриддинзода, Ҷӯрахон Маҷидзода, Шариф Раҳимзода, Рустам Латифзода, Лутфия Раҷабзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Абдураҳим Холиқзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Шарофиддин Сироҷов, Мирзодавлат Сабурзода, Ҷаббор Ахмедов, муовини аввали Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Тавакал Зарипов, мудири котиботи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Хурсандмурод Саидмуродов медали ҷашнии «25-солагии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ»-ро тақдим намуд.

Гуфта мешавад, Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин ба вакилони Маҷлиси намояндагон Толиб Бухориев, Олим Бобоев, Сафаралӣ Раҷабов, Ҷамшед Саидов, Мирзоанвар Ахмедов, Абдуалим Ғаффоров, Амрихудои Дамдор, Баҳром Абдуҳалимов «Нишони хотиравӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро супурд.