Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон  Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо таманниёти беҳтарин Президенти Туркманистони дӯстро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш самимона муборакбодӣ намуд.  

Гуфта мешавад, Президенти Тоҷикистон саҳми муҳими ҳамтои худ Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар тавсеаву таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид кард.

Зикр мегардад, ки сарони кишварҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши  беш аз пеши ин муносибот мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори ақида намуданд.