Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярторо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Венгрия мақоми муҳим дошта, 25 сол боз дар сатҳу зинаҳои барои ҳарду ҷониб судманд идома доранд.

Аз сатҳи робитаҳои сиёсии Тоҷикистон ва Венгрия изҳори қаноатмандӣ карда, ҳарду ҷониб барои идомаи бобарори ҳамгироӣ дар доираи СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо хостгори тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, технологияи инноватсионӣ, маориф, тандурустӣ, фармасевтӣ ва фарҳанг гардида, дар оянда таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ба роҳ мондани робитаи мустақими доираи соҳибкорону тоҷирон, таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо ва металл, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва сохтмонӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи туризмро муҳим шумориданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таъмини амнияту бехатарӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуд.

Зимни мулоқоти Петер Сийярто бо раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон  масъалаи таъсиси гуруҳҳои  дӯстӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистону Венгрия  ва талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи онҳо баррасӣ шуд.

Дар вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Петер Сийярто аз сатҳу мӯҳтавои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар 25 соли муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, мусоҳибон ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва дарёфти роҳу василаҳои нави тавсеаи робитаҳо дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак ибрози омодагӣ намуданд.