Нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имрӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, нахуст дидору гуфтушуниди Муҳаммад Навоз Шариф бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва сипас гуфтушунидҳои ҳайатҳои кишварҳо доир мегардад, ки дар он имзои як қатор асноди дуҷониба дар назар аст.

Пагоҳ, 6 июл нахуствазири Покистон дар вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 иштирок мекунад. Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков рӯзи 6 июл ба Душанбе меоянд.

Ҳамчунин пагоҳ нишасти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор гардида, дар чаҳорчӯби вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкориҳо миёни се кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва амният баррасӣ хоҳад шуд.

Қаблан Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон огоҳ карда буд, ки рӯзи 6 июл аз соати 06:00 то 18:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок аз маҳаллаи “Варзоб ГЭС”-и шаҳри Душанбе то мавзеи “Такфон”-и ноҳияи Айнӣ маҳдуд карда мешавад.

Гуфта мешавад, зимни баррасии масъалаҳои иқтисодӣ ба мавзӯъҳои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ, татбиқи муштараки тарҳҳои энергетикӣ ва зерсохтори нақлиётӣ ва таҳкими равобит миёни доираҳои соҳибкорони се кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад гашт.

Ҳамчунин масъалаҳои мусоидати минбаъда ба талошҳои Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишвар, муборизаи муштараку самаранок алайҳи чолишҳои амниятии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор ҳоҳанд гирифт.

Аз натиҷаи мулоқоти Душанбе изҳороти муштараки сарони се кишвар, ки дурнамои шарикии фарогир, эҷоди механизмҳои нави ҳамкориҳо ва роҳҳои тақвияти равандҳои минтақавиро таъйин мекунад, қабул хоҳад шуд.