Раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон вазъи ҳозираи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро ба таври кофӣ қаноатбахш мешуморад.

“Наметавонам бигӯям, ки муносибатҳои мо бо Эрон бад аст. Олӣ ҳам нест. Вале муносибатҳои мо ба таври кофӣ қаноатбахш буда, мухолифатҳои шадиди мушкил вуҷуд надоранд”, - гуфт муовини директори Марказ Сайфулло Сафаров.

Ӯ қайд кард, ки ахиран дар муносибатҳои миёни Тоҷикистону Эрон каме таназзул ба мушоҳида мерасад, ки “табиист ва баъди муносибатҳои хеле хуб миёни давлатҳо маъмулан каме таназзул ба вуҷуд меояд”.

Қобили зикр аст, ки бархе ба каме сардӣ гароидани муносибатҳои Тоҷикистону Эронро ба он марбут медонанд, ки Эрон мухолифи асосии сиёсии ҳукумати ҳозира - раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро дастгирӣ мекунад.

Моҳи декабри соли 2015 Кабирӣ ба конфронси “Ваҳдати исломӣ” ба Эрон даъват шуда буд, гарчанде то ин замон фаъолияти ҳизби ӯ дар Тоҷикистон манъ гардида, он ифротгарову терррористӣ эълон шуда буд. Худи Кабирӣ тариқи Интерпол мавриди пайгард қарор гирифта буд.

Дар посух ба даъвати Кабирӣ ҳукуматдорони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони эронӣ, аз ҷумла доир ба вуруди баъзе маҳсулот таҳримҳо ҷорӣ карданд. Ҳамчунин фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон боздошта шуд.