Ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо намояндагии Директори Генералии Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Стефано Мансервиси ва Намояндаи Махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан рӯзи 12 июл ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Ҳайати ИА як қатор вохӯриҳоро бо сиёсатмадорони воломақоми Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид мегузаронад.

Инчунин, ҷаласаи якҷоя бо иштироки вазирони блоки иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири молия Абдусалом Қурбониён ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар назар аст.

Ғайр аз ин, ҳайати меҳмонон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон (собиқ Шӯробод) барои дидани бозори наздисарҳадӣ ва нуқтаи убури марз бо Афғонистон ва инчунин барои шинос шудан бо пешниҳоди сохтмони кӯпруки нави байнимарзӣ ва бозори наздисарҳадӣ дар ноҳияи Фархор, ки аз тарафи  Иттиҳоди Аврупо барои маблағгузорӣ пешниҳод шудааст, сафар мекунад.

Дар ин сафар, ҷаноби Мансервисиро дигар шахсони олимансаби Иттиҳоди Аврупо ва инчунин намояндагони Бонки рушди Олмон "KfW" ва кормандони Бунёди Оғохон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.