Ҳайати Туркманистон таҳти сарварии раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов рӯзҳои 13-14 июл бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар барномаи сафари ҳайати Туркманистон дидору гуфтушунидҳо дар ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар назар аст, ки вазири корҳои хориҷии Туркманистонро Президенти Тоҷикистон Эмолмалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳад пазируфт.

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, пояи сиёсии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамчун ду кишвари соҳибистиқлол 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол “Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон” гузошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Туркманистон 93,5 млн. долларро ташкил дод. Самтҳои фазалиятноки ҳамкории кишварҳо - бахшҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисод шуморида мешаванд.

Дар ҳошияи таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз» дар ш. Ашхобод (марти соли 2013), ки бо иштироки президентони 10 кишвари олам баргузор гашт, аз ҷониби Роҳбарони се кишвар – Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ва Афғонистон – Ҳомид Карзай санади сеҷониба таҳти унвони «Ёддошти тафоҳум байни Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон»» ба имзо расид.

Санаи 5 июни соли 2013 дар шаҳри Атамуроди Туркманистон бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон маросими оғози расмии сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон доир гардид.

Дар доираи сафари ҳозираи ҳайати Турманистон ба Душанбе интизорӣ меравад, ки яке аз масъалаҳои асосии баррасишаванда маҳз суръат бахшидан ба амалисозии лоиҳаи зикршуда хоҳад буд.