Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба мақоми Ноиби Президенти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) барои иҷлоси соли 2018 интихоб гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, номзадии Маҳмадамин Маҳмадаминов аз ҷониби Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки аз 55 кишвари узв иборат мебошад, пешбарӣ карда шуд.

Таъкид мешавад, ки дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон ва 25 соли узвияти кишвари маҳбуб дар СММ, барои нахустин маротиба намояндаи Тоҷикистон ба чунин мақоми масъулиятнок дар ниҳодҳои асосии СММ интихоб мегардад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин Намояндаи доимии Ҷумҳурии Чех (гурӯҳи кишварҳои Аврупои Шарқӣ) ба ҳайси Раис ва намояндагони доимии Белгия (гурӯҳи кишварҳои Аврупои ғарбӣ ва дигарон) ва Сент-Винсент ва Гренадин (гурӯҳи кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб), ба симати муовинони раиси ECOSOC барои иҷлоси соли 2018 интихоб гардиданд.