Роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар дар конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ - афзалияти асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон» иштирок ва суханронӣ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Душанбе дар ин робита хабар доданд, конфронс рӯзи 11 август дар шаҳри Тошканд доир мегардад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ҳамдастӣ бо Маркази иттилоотиву таҳлилии муносибатҳои байнулмилалӣ, намояндагии Барномаи рушди СММ ва Дафтари Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Тошканд созмон дода мешавад.

Дар конфронс доир ба мазмун ва мундариҷаи сиёсати муосири минтақавии Ӯзбекистон, ки ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ бо кишварҳои ҳамсоя нигаронида шудааст, маълумот дода шуда, ҳамчунин атрофи мавқеъ ва тарзу усули муносибати кишвар дар робита ба масъалаҳои калдиии таъмини амният ва рушди босубот дар минтақа табодули назар сурат мегирад.

Ба ин чорабинӣ вакилони парлумони Ӯзбекистон, коршиносону таҳлилгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагиҳои дипломатии муқими Тошканд, сафирони Ӯзбекистон дар ҳамсояикшварҳо, намояндагони вазорату идораҳо, марказҳои илмиву таҳлилии кишвар ва ҳамчунин рӯзноманигорон даъват шудаанд.