Раиси Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Мулату Тешоме дар Кохи миллат дар Аддис-Абеба эътиборномаи сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Хусрав Нозириро қабул намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар суҳбате, ки пас аз поёни маросими супоридани эътиборнома сурат гирифт, роҳбари давлати Эфиопия изҳори умедворӣ намуд, ки таъйин гардидани нахустин сафири тоҷик дар кишвари ӯ ба густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эфиопия мусоидат кунад. 

Гуфта мешавад, бо ишора ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, Раисҷумҳури Эфиопия ба аҳаммияти ҳамкории ду давлат дар ин замина дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар поёни суҳбат Раисҷумҳури Эфиопия ба мардум ва кишвари Тоҷикистон орзуи сулҳи пойдор ва пешрафту шукуфоии бештар карда, хоҳиш намуд, ки дуруду паёми ӯ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонида шавад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи январи соли равон бо фармони Президенти Тоҷикистон ба сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ ҳамзамон иҷрои вазифаҳои сафири кишщвар дар Эфиопия вогузор шуд.