Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар Машварати САҲА оид ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава ҳузур надорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, иштироки ҳайати ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раҳбарии Омбудсмени кӯдакони Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода дар ин машварат аслан ба нақша гирифта нашуда буд.

Ба гуфтаи манбаъ, Омбудсмен зинаи пайвасткунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат буда, вазифадор нест, ки дар чунин чорабиниҳо иштирок кунад ва он ҳам боз ба сифати роҳбари ҳайати ҳукумат.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон Раҷабмо Ҳабибуллозода дар ҳайати ҳукумат таҳти роҳбарии вазири адлия Рустам Шоҳмурод ҷиҳати пешниҳоди ҳисобот доир ба иҷрои меъёрҳои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакон дар Женева қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» саҳеҳ шарҳ дода натавонистанд, ки чаро Душанбеи расмӣ имсол комилан аз иштирок дар машварати САҲА дар Варшава даст кашидааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи душанбе ВАО дар бораи холӣ будани ҷойҳои нишасти ҳайати Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар Варшава хабар доданд. Чанд рӯз қабл аз оғози кори машварат АМИТ «Ховар»  аз эҳтимоли комилан баста шудани дафтари ин созмон дар Тоҷикистон маълумот интишор намуд.

Тибқи маълумоти ВАО, ба ҳар ҳол, Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) рӯзи 12 сентябр дар ҳошияи анҷумани САҲА дар Варшава нишастеро пиромуни вазъи маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон доир кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.