Дар робита ба зодрӯзи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла дар паёми шодбошии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин қайд мешавад, ки солҳои наздик раванди муносиботи Чин ва Тоҷикистон ба таври нек рушд намуда, миёни кишварҳои мо боварии сиёсӣ қавӣ гардидааст.

«Ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори аввалин, амният ва ғайра торафт тавсеа ёфта, дӯстии анъанавии ҷонибҳо рӯз аз рӯз мустаҳкам шуда истодааст», - омадааст дар паём.

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар табрикоти худ зикр кардааст, ки сатҳи эътимоди сиёсӣ ва ҳусни тафоҳуми то ба имрӯз ба дастомада миёни Остонаву Душанбе аз устувории муносиботи кишварҳо, ки бар рӯҳияи шарикӣ ва  иттиҳодӣ асос ёфтаанд, шаҳодат дода, ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду кишвар минбаъд низ ба манфиати халқҳо рушд хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев низ зимни суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмонро табрик намуда, саҳми шахсии миҳиму назарраси ӯро дар густариши муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар асоси дӯстӣ, шарикӣ ва иттифоқчигӣ таъкид доштааст.

Ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз номи сарони кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Украина, Арманистон, Туркия, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуров низ паёмҳои шодбошӣ расиданд.