Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 10 октябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочи иштирок кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ ҶТ, дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуда, ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Гуфта мешавад, аз ҷумла,  масъалаҳои марбут ба дастгирии институти оила ва арзишҳои анъанавии оилавӣ, мукаммалсозии фаъолияти ИДМ ва мутобиқсозии он ба воқеияти муосир, таъин намудани муассисаҳои заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаҳои алоҳида ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуда, оид ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВКХ Русия, рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ҳудуди 20 масъаларо фаро гирифта, қариб нисфи он ҷиҳати тасдиқ ба Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳод дода мешавад, ки ҷаласаи он имрӯз дар назар аст.

Зимни суханронӣ дар нишасти хабарии муштарак аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор доштааст, ки аз 1 январи соли оянда раёсат дар ИДМ ба зиммаи Тоҷикистон вогузор мешавад. «Мо ба дӯстони тоҷики худ дар амалисозии ин уҳдадориҳо комёбӣ хоҳонем ва дар сурати зарурат омодаем, ки ба онҳо ҳамаҷониба кумак кунем», - иброз доштааст Лавров.

Мутобиқи қарори қабулшуда, ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 6 апрели соли 2018 дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск доир мегардад.