«Дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», - чунин ном дорад китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар матбааи «Констраст»-и пойтахт ба нашр расид.
Тартибдиҳанда ва муаллифи пешгуфтори китоб сармушовири Дастгоҳи ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода мебошад.
Нашрия дар ҳаҷми 366 саҳифа бо забони тоҷикӣ маҷмӯаест аз паёмҳои сарвари давлат ба парлумон, суханрониҳо, мусоҳиба ва изҳорот барои матбуоти Эмомалӣ Раҳмон, хабар дод як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Китоб ду фасл ва замимаро дар бар мегирад. Фасли аввал ба масъалаҳои муҳим ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон тӯли ду даҳсолаи охир бахшида шудааст. Маводи фасли дуюм ташаббусҳои Сарвари давлатро дар арсаи байнулмилалӣ оид ба масоили мушкилоти об ва тағйирёбии сартосарии иқлим, роҳу воситаҳои ҳалли буҳрони Афғонистон, мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир инъикос менамояд.
Китоб барои истифодаи доираи васеи хонандагон, аз ҷумла олимону дипломатҳо, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудаааст.
Шакли электронии китоб дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.