Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти райёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Қудратов бо даъвати Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия И. Қаҳрамон, Раиси Думаи Давлатии Федератсияи Руссия В. Володин ва раиси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ Ҷ. Сегюн барои иштирок дар кори Конфронси сеюми раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё ба шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия сафар намуданд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов иттилоъ дод, сафари мазкур аз 8 то 12 октябри соли ҷорӣ идома меёбад. Дар рафти сафар, дар назар аст, ки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, дар доираи Конфронси сеюми раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё бо баъзе аз сарони парламентҳои кишварҳои номбурда мулоқот намояд ва аз ҷойҳои таърихии ин кишвари афсонавӣ дидан намояд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин Акрамшо Фелалиев, дар рӯзи дуюми кори конференсияи мазкур, дар назди иштирокчиёни он баромад менамояд. Ёдовар мешавем, ки дар кори конфронси мазкур  намояндагони зиёда аз 40-парламентҳои кишвари калонтарини дунё иштирок менамоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.