Вакилони Маҷлиси Қазоқистон санаи 12 декабр тасдиқи як қатор созишномаҳоро бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи тартиби ҳузури шаҳрвандони ҳарду кишварро дар қаламрави ҳамдигар маъқул донистанд.

Дар санад дароз шудани муҳлати ҳузури шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон дар қаламрави ҳамдигар бидуни қайди ҳатмӣ ба муддати 30 рӯз, ҳамчунин будубош дар қаламрави тарафҳо то 90 рӯз баъди гузаштани сарҳади давлатӣ зимни бақайдгузорӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад 24.kz.

Ғайр аз ин, вакилони қазоқ Созишномаи ҳамкорӣ байни Қазоқистону Тоҷикистон дар бахши муҳоҷиратро низ тасдиқ намуданд, ки  он ба ҳимоя аз ҳуқуқҳои шаҳрвандони давлатҳо зимни ҳузур дар қаламрави ҳамдигар ва ҳамчунин рушди ҳамкориҳои мутақобилаи иттилоотӣ нигаронида шудааст.

Маҷлис ҳамчунин созишнома бо Тоҷикистонро дар бораи дубора қабули шахсон (редмиссия) ва санади иҷро ба онро низ ба тасвиб расонид.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистону Қазоқистон созишнома дар бораи сабуксозии шароити ҳузури шаҳрвандони давлатҳоро дар қаламрави ҳамдигар зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон санаи 14 март дар Остона ба имзо расонида буданд.

Айни замон шаҳрвандони ҳарду кишвар дар муҳлати 5 рӯз аз замони ворид шудан ба қаламрави давлатҳо бояд худро ба қайд гузоранд. То соли 2010 шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 рӯз бидуни қайд дар Қазоқистон ҳузур дошта метавонистанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.