Зимни мулоқоти сафири ғайримуқими Тоҷикистон дар Ироқ (бо қароргоҳ дар Кувайт) Зубайдулло Зубайдзода бо узви Шӯрои Суди Олии Ҷумҳурии Ироқ Ҳусом Абдукарим Юсуф масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла занон, ки дар он кишвар қарор доранд мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо узви Шӯрои Суди Олии Ҷумҳурии Ироқ Ҳусом Абдукарим Юсуф
Сурат: ВКХ ҶТ

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо роҷеъ ба роҳандозии ҳамкориҳои амниятӣ миёни мақомоти марбутаи ду кишвар, истирдоди занони тоҷик аз Бағдод ба Душанбе ва табодули сафарҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.

Зикр мегардад, ки қазияи шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар Ироқ пурра ба анҷом расида, онҳо дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд.

Масъалаи баргардонидани кӯдакони тоҷик аз Ироқ дар вохӯрии Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Ҳазим ал-Юсуфӣ низ баррасӣ шуд.

Дар доираи мулоқот ҷонибҳо вобаста ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ироқ, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи амният ва мубориза ба терроизм ва экстремизм, инчунин иштироки шахси мазкур дар Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои мутавшаккил”, ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар намуданд.

Зубайдулло Зубайдзода ва Ҳазим ал-Юсуфӣ
Сурат: ВКХ ҶТ

Гуфта мешавад, сафир миннатдории ҳукумати Тоҷикистонро барои мусоидат дар баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи тоҷик аз қаламрави он кишвар ба Ватан таъкид намуд. Муовини вазири корҳои хориҷии Ироқ масъалаи бозпас гардонидани шаҳрвандони Тоҷикистонро иқдоми саривақтии ҳукумати Тоҷикистон хонд.

Қобили зикр аст, ки масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кӯдакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии  доимии Президент ва ҳукумати  Тоҷикистон  қарор дорад.

Муайян шудааст, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо  ва марказҳои  нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳамаи ниҳодҳо рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Ҳукумати  Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба ҳамаи ниҳодҳо изҳори сипос намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.