«Дар ҷаҳони муосири хеле ба якдигар пайваста, ки дар он ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавии зичтар замина барои сулҳ ва тараққиёт ба шумор меравад, Аврупо ва Осиёи Марказӣ (ОМ) ҳеҷ гоҳ чунин наздик набуданд. Манфиатҳои имконпазири ҳамкории ҳатто аз ин ҳам зичтари муштарак пеш аён набуд», - гуфта мешавад дар мақолаи Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният/Муовини Раиси Комиссия Аврупо хонум Федерика Могеринӣ ва Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тараққиёт ҷаноби Невен Мимитса. 

Муаллифони мақола бар ин назаранд, ки  шоҳиди замоне  мебошанд, ки дар Осиёи Марказӣ тағйироти муҳим ҷараён дорад.

“Кишварҳои Осиёи Марказӣ боз шуда истодаанд, ислоҳотро амалӣ намуда истодаанд ва ҳамкории минтақавиро миёни ҳамдигар пеш бурда истодаанд. Онҳо аз мустақилият ва ҳамвобастагӣ қавитар шуданд. Хуллас, аҳамияти сиёсии Осиёи Марказӣ ҳоло мавқеи ҷуғрофии онро ба ҳайси шарики асосии Шарқу Ғарб инъикос менамояд, гарчанде, ки мушкилоти бисёр ҳам вуҷуд доранд», - омадааст дар мақола.

Гуфта мешавад, дар ин шароити нав ва мусбии сиёсӣ, Иттиҳоди Аврупо бо ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо муносибати навро дар робитаҳои худ бо Осиёи Марказӣ созмон доданд. Стратегияи нави мо ба дастгирии устуворӣ ва инкишофи минтақа равона шудааст, ки дар ҳамкории ҷории пайвастаи мо барои созмон додани ҳамкории муосири Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба нафъи шаҳрвандони мо бунёд меёбад. 

Зикр мегардад, ки Иттиҳоди Аврупо шарики табиӣ барои ин минтақа мебошад. Мо соҳиби таърихе ҳастем, ки моро аз манфиатҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо ҳамсоягони худ собит намудааст ва мо метавонем ин таҷрибаро бе бозиҳои сиёсӣ мубодила кунем. 

Федерика Могеринӣ ва Невен Мимитса
Намояндагии ИА дар ҶТ

«Мо мехоҳем, ки кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ намоем то онҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ бештар устувор шаванд. Мо дар инҷо таҳкими воситаҳои ахбори мустақил, боз намудани фазо барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти волоияти қонун ва идоракунии босамар, мубориза бо коррупсия ва тавсеаи имкониятҳои ҷавонон ва занонро дар назар дорем», - қайд кардаанд муаллифони мақола..

Муаллифон зикр кардаанд, ки хостори саҳмгузорӣ дар инкишофи минтақа мебошанд.

«Иттиҳоди Аврупо сарчашмаи бузургтарини сармоягузориҳои хусусӣ дар ҷаҳон мебошад ва метавонад сармоягузориҳои босифат ва калонро барои амалисозии лоиҳаҳои боҳампайвастшавии устувор дар Осиёи Марказӣ фароҳам оварад, дар сурате, ки фазои хуби соҳибкорӣ ба вуҷуд ояд. Бо ин мақсад, Иттиҳоди Аврупо дастгирии ислоҳот ва навинсозии иқтисодиётҳои кишварҳои минтақаро идома хоҳад дод, ки рушди бахши хусусии қавиро дарбар мегирад. Инчунин Иттиҳоди Аврупо шарики асосии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шомил шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо боқӣ мемонад», - зикр мегардад дар мавод.

Изҳор шудааст, ки ғайр аз ин ду рукн, Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ умедворанд ба таври зичтар барои пайвастани ду минтақаи мо корбарӣ намоянд ва инчунин робитаҳои дохилиро дар худи Осиёи Миёна тавсеа диҳанд то ин амал ба таври устувор, озод ва дар асоси қоидаҳо роҳандозӣ шуда, имкон диҳад, ки қарздорӣ ва инфрасохтори бесифат ҷилавгирӣ карда шавад.

«Ин тариқ, Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Миёна шарик шуда, мушкилоти зиёдеро ҳалл карданӣ аст, ки ягон кишвар онҳоро дар танҳоӣ бартараф карда наметавонад: аз ҳифзи муҳити зист, идоракунии захираҳои обӣ, идоракунии сарҳадот сар карда то мубориза бар зидди терроризм ва қочоқи маводи мухаддир», - қайд кардаанд муаллифон.

Зикр мешавад, ки пойдоршавии сулҳ дар Афғонистон ин як мушкилоти дигар мебошад, ки дастгирии фаъоли ҷомеаи байналмилалиро, аз ҷумла талошҳои шарикони Осиёи Марказиро, тақозо мекунад.

«Дар ҳолатҳои зарурӣ иштироки Афғонистон дар ҷаласаҳо ва барномаҳои дахлдори минтақавӣ ва дастгирии бештари лоиҳаҳои ҳамкории минтақавӣ ва сеҷониба бо шарикон аз Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ҳамин тариқ афзалият дар фаъолияти муштараки мо боқӣ мемонад», - омадааст дар мавод.

Зимнан зикр мегардад, ки охири ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Бишкек Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаласаи солонаи минтақавиро дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ доир менамоянд.

«Паёми Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи мазкур ин аст, ки ҳамкории мо ба сӯи иқтисодиёти қавӣ ва гуногунҷанба, имкониятҳои бештар барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар Аврупо, эҷоди ҷойҳои кории нав ва минтақаи барои ҳама тинҷтар метавонад манфиатҳои воқеӣ ва аслиро барои шаҳрвандони мо дар ин минтақа ва дар Иттиҳоди Аврупо фароҳам оварад. Дар ҷаҳони муосир мо ба шарикии қавитар миёни ду минтақаи мо ниёз дорем. Биёед барои расидан ба ин мақсад қатӣ кор кунем», - зикр мешавад дар фарҷоми мақола.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.