Дар доираи сафар ба Ереван раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 4-уми ноябр бо раиси Маҷлиси миллии Арманистон Арарат Мирзоян дидору гуфтушунид кард.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод. 

Раиси парлумони Арманистон изҳор доштааст, ки ин кишвар ба густариши муносибатҳо бо Тоҷикистон дар ҳама самтҳо бо назардошти манфиатҳои тарафайн омода аст. Ӯ гуфтааст, ки дар муносибатҳои дуҷониба намояндагони парлумонҳо нақши хос доранд ва аз фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии вакилон изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Дар навбати худ Шукурҷон Зуҳуров ба истифодаи имконоти мавҷуда баҳри густариши муносибатҳо, бахусус, дар иқтисоду технологияҳои иттилоотӣ, ҳамчунин роҳандозии муколамаи фарҳангӣ ишора кардааст.

Ҷонибҳо ҷараёни мусбати муносибатҳои мавҷуда байни кишварҳоро таъкид дошта, ба истифодаи оқилонаи имконоти иқтисодӣ изҳори умед кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.