Дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа қитъаҳо оид ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 1-уми март ба кори худ оғоз карданд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, аз соатҳои аввали кушода шудани қитъаҳои интихоботӣ чорабинии муҳимми сиёсӣ дар ҳаёти кишвар бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон оғоз гардид.
Гуфта мешавад, ки дар сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ барои иштироки шаҳрвандони кишвар дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳайё гардидааст.
“Бо мақсади таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандоне, ки муваққатан ё ба таври доимӣ берун аз кишвар қарор доранд, дар 39 муассисаи дипломативу консулии Тоҷикистон дар Австрия, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Беларус, Белгия, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Кувайт, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Малайзия, Миср, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистон, Фаронса, Ҳиндустон, Чин, Ҷумҳурии Корея, Швейтсария, Эрон ва Япония қитъаҳои интихоботӣ таъсис шудаанд”, - хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.
“Шахсоне, ки синнашон ба 18 расидааст ва дорои шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, метавонанд ба қитъаи интихоботӣ ҳозир шуда, мавқеи шаҳрвандии худро баён кунанд. Дар хориҷа кори қитъаҳои интихоботӣ то 20:00 бо вақти маҳаллӣ идома хоҳад ёфт", - омадааст дар хабари вазорат.
Дар ҳамин ҳол, шумори зиёди шаҳрвандон ба назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав омадаву барои овоздиҳӣ дар навбат истодаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.