Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ (КМИР) натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон эълон кард.

Мувофиқи он, Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби коммунист аз рӯйи натиҷаҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба палатаи поёнии парлумон роҳ намеёбанд.

Тавре раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода имрӯз дар брифинг хабар дод, Ҳизби халқии демократӣ ба аксари овозҳо – 50,4%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 16,61%, Ҳизби аграрӣ – 16,5%, Ҳизби сотсиалистӣ – 5,15% ва Ҳизби демократ – 5,1% соҳиб шуданд. 

Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба Ҳизби сотсиал-демократ – 0,32% ва Ҳизби коммунист – 3,1%-и интихобкунандагон раъй додаанд.

Бар зидди рӯйхати ҳамаи ҳизбҳо 52 ҳазору 30 нафар ё 1,39%-и интихобкунандагон овоз доданд.

Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ 12 нафар намояндагони ҲХДТ, 4-тогӣ аз Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, инчунин 1-тогӣ аз Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби демократ соҳиби курсиҳо дар парлумон мешаванд.

Ба гуфтаи Худоёров, аз 4 млн 929 ҳазору 128 нафар интихобкунандагони сабтшуда 4 млн 245 ҳазору 951 кас овоз додаанд, ки 86% аз шумори умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.


Парлумони Тоҷикистон (Маҷлиси Олӣ) аз ду палата иборат аст. Ба палатаи поёнӣ (Маҷлиси намояндагон) 63 вакил интихоб мешаванд: 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафар – тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Барои 63 курсии вакилӣ 241 номзад рақобат карданд. Аз ин шумор 176 нафар дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ва 65 нафар – тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, 1-уми марти 2020 с.
Сурат: Asia-Plus

Номзадҳо ҳамаи 7 ҳизби расман сабтиномшударо намояндагӣ карданд: Ҳизби аграрӣ – 13 номзад, Ҳизби сотсиалистӣ – 5, Ҳизби халқии демократӣ – 26, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 7, Ҳизби демократ – 4, Ҳизби сотсиал-демократӣ – 5 ва Ҳизби коммунист – 5 номзад.

Маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми март баргузор шуд. Барои раъйдиҳӣ дар саросари кишвар 3 ҳазору 412 ва дар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ 39 қитъаи овоздиҳӣ ташкил карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.