Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Беларус Александр Лукашенко ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади давлатии олии Ҷумҳурии Беларус барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ғолибияти Александ Лукашенкоро дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳмаш дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Беларус номида, дурустии сиёсати дурандешонаи дар ин роҳ интихобкардаашро, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид кард.

“Боиси хушнудии ин ҷониб аст, то фаъолияти муштараки анҷомёфтаи моро ҷиҳати тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Беларус, ки имрӯз дар сиғаи шарикии стратегӣ ба таври муваффақона густариш ёфта истодаанд, зикр намоям”, - омадааст дар барқия.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон нисбати ояндаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду давлат дидгоҳи неку умедбахш дошта, вазифаи асосиро барои давраи пешомад дар ғанигардонии самарабахши онҳо бо намунаҳои созандаи ҳамкориҳо бар нафъи мардумони ҳар ду кишвар медонад.

“Сидқан ба Шумо сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Беларус сулҳу субот ва пешравию шукуфоӣ орзумандам”, - қайд мешавад дар фарҷоми барқия.

Қобили зикр аст, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ низ анҷом дода, дар рафти сӯҳбат саҳми арзишманди ӯро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус ба таври хосса таъкид кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.