Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили ҲХДТ мегӯяд, ки сафару мулоқоти президенти Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳоро мешавад бо эътимод дидорҳои пешазинтихоботӣ унвон кард.

Наимов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки “ин мулоқотҳо на танҳо 100, балки 200% мулоқотҳои пешазинтихоботиянд. Ин сафарҳо, ҳамагӣ ҷамъбасти барномаи пешниҳодкардаи номзад дар соли 2013 ва муаррифии барномаи нав то 2021 мебошад”. Ин масъули ҲХДТ ба суоли ин ки оё дар ин мулоқот барномаи ҳизб муаррифӣ мешавад, посух дод, ки “ин қадар иншооту сохтмону пешравие, ки шуда истодааст, ҳамааш дар асоси ҳамун барномаи соли 2013 аст”.

Ба гуфти Маҳмадулло Наимов, дар корзорҳои интихоботӣ 15 шахси боэътимоди номзади ҳизбашон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо дигар номзадҳои ҳизбҳои дигар барномаву номзади ҳизбро муаррифӣ мекунанд.

Ин масъули таблиғоти ҲХДТ ҳамчунин мегӯяд, ки ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” ва “Пайравони Пешвои миллат” ва Шӯрои куҳансолони ҳизби онҳо низ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҷудогона корзори таблиғотии ҳизб ва номзади онро пеш мебаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.