Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 10 лекабр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар сиғаи маҷозӣ баргузор гардид, иштирок кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот вазирон оид ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳод табодули афкор карданд.

Бо дарназардошти ҳамагирии коронавируси нав роҳбарони ҳайатҳо ба масъалаҳои таъмиқи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯби ИДМ дар заминаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ таъкид намуд, ки бӯҳрони кунунӣ боиси коҳиш ёфтани суръати тиҷорати дохиливу хориҷӣ ва  фаъолияти соҳибкорӣ шуда, ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва нақлиёт таъсир расонид ва амнияти озуқавории кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро зери хатар гузошт.

mfa.tj

Гуфта мешавад, бо дарназардошти Пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 эълон шудани шаҳри Душанбе, Сироҷиддин Мухриддин иттилоъ дод, ки пас аз беҳбуди вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ, Тоҷикистон ният дорад соли оянда як идда чорабиниҳоро бо иштироки кормандони соҳаи фарҳанг ва ҳунар баргузор намояд.

Зикр мегардад, ки аз рӯйи натиҷаи ҷаласаи вазирон 12 қарор ба имзо расид. Аз ҷумла, Нақшаи машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ барои соли 2021 тасдиқ шуда, тақсими мансабҳо тибқи квота байни кишварҳои узв дар Кумитаи иҷроияи ИДМ барои давраи навбатии сесола мувофиқа шуд.

Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ моҳи апрели соли 2021 дар Русия баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.